Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими эътои шаҳодатномҳо барои бисту панҷ нафар директорони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.
Бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин Нақшаи идоравии КҲФ барои соли 2019 биступанҷ нафар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат дар давраи серӯзаи омӯзишӣ барои “Ҳайати роҳбарӣ ва шахсони масъули идораҳо ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ оид ба мудофиаи гражданӣ” ширкат намуданд.
Ин омӯзиш асосан аз дарсҳои лексионӣ, намоиши видеоконфронсҳо иборат буд.