Ҳар рӯз наҷотдиҳандагони Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳама гуна кумакҳои лозимро мерасонанд: ғарқшавандагонро наҷот медиҳанд, ёрии аввалини тиббӣ мерасонанд, дарҳои бастаро боз мекунанд, одамонро аз дохили лифтҳои азкормонда берун мекашанд. Аммо ҳодисаи даркушоӣ вақтҳои охир хеле зуд-зуд рух медиҳад.
Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагон чор маротиба ба қасди кушодани дарҳои баста аз қароргоҳи худ хориҷ шуданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дар ноҳияҳои гуногуни шаҳри Душанбе чор дари даромад ба манзилро боз карданд. Дар яке аз ин хонаҳо кӯдакони хурдсол монда буданд. Ҳамчунин ҳамин шаб наҷотдиҳандагон ду нафарро дар лифтҳои харобшуда берун оварданд.
«Сабабҳои баста шудани дарҳо гуногунанд: ба сабаби бедиққатии инсон, дар натиҷаи шамол ва ё вайронии қуфл. Аммо ҳолате ҳам пеш меояд, ки кӯдаки дар дохили хонамонда худ ғайриихтиёр дарро мепӯшад, калид дар хона, дар аз дохил баставу соҳиби хона дар беруни дар” — мегӯяд сардори воҳиди наҷоти шаҳри Душанбе подполковник Шуҳрат Сафаров.
КҲФ ёдовар мешавад: ҳатто агар кӯдак дар дохил асту шумо дар берун, то расидани имдод кӯшиш кунед бо фарзанди худ дар гуфтугӯ бошед, то вай ҳисс кунад, ки шумо бо ӯ ҳастед ва ҳоло ворид мешавед. Вақти аз хона берун шудан хеле бодиққат бошед ва кӯдаконатонро фаҳмонед, ки дар сурати баста шудани дар чӣ бояд кунанд.
Ғайр аз ин наҷотдиҳандагони Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе шаби гузашта барои берун овардани ҷасади марди ғарқшуда ба соҳили дарёи “Душанбе” рафтанд. Дар бораи ин бозёфти ногаҳонӣ ва пурдаҳшат сардори Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба қисми навбатдорӣ хабар дод. Вай иттило дод, ки ҷасади марди мурдае дар дарёи “Душанбе, дар наздикии кӯчаи ба номи Қаҳҳоров 136, назди бинои Маҷтамаи рӯзномаву маҷаллаҳо “Шарқи Озод” пайдо шуд.
Ҷасади марди ба тахмин 35-40-сола аз об берун оварда ва ба кормандони милитсия супурда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки зарфи 9 моҳи соли равон наҷотдиҳандагони КҲФ дар 539 даъвати кӯмак 146 нафарро наҷот доданд, ки 31 нафари онҳо баъди боз кардани дарҳои бастаи оҳанӣ аз хатар раҳо шуданд.