Ин сафари корӣ охири моҳи сентябр сурат гирифта буд. Як таҳқиқоти муштараке буд, ки мебоист сатҳи таҳдиди хатар дар кӯлҳои рахнашаванда ҳавзаи Шинг омӯхта мешуданд. Ин кӯлҳо бо сабабҳои гуногун ва дар замонҳои мухталиф пайдо шудаанд ва дар сурати таҳқиқ нашудан, метавонанд тадриҷан ба омили хатар табдил ёбанд. Ин буд, ки дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2019 ва фармоиши Раиси Кумита аз 27 сентябри соли 2019 мушоҳидаҳои аэровизуалии кўлҳои рахнашавандаи Ҳафткўл ва Марғузори ҳавзаи дарёи Шинг дар санаи 28.09.2019 оғоз шуд. Дар он мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Ҷумҳурии Узбекистон бо чархболи МИ-8-и ин кишвар ширкат карданд.
Мақсади роҳандозии мушоҳидаҳо:
- Муайян кардани ҳолати сарбанди кўлҳои дар натиҷаи резиши сангпораҳо бавуҷуд омада ва хатари дамидани маҷрои саргаҳи дарё.
- муайян кардани таъсири ҷараёни селҳо ба сарбанди кўлҳо ва ҷараёни дарё. Хавфи обхезии муваққатӣ аз таъсири селе, ки лой ва санг меорад. Муайян намудани эҳтимолияти таъсири хавфи сел ба хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои нақлиётӣ, хати барқ ва ғайра.
- муайян кардани ҳолати пиряхҳо ва кўлҳои назди ин пиряхҳо ва эҳтимолияти сар задани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо, омӯзиши ҳолати эҳтимолии канда шудани пирях ва сарозер омадани он ба ин кўлҳо.
Мушоҳидаҳо чиро нишон доданд?
Кўлҳои бе ном дар болооби дарёи Шинг (4 кўл) дар баландиҳои 3400 – 3500 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Кўлҳо навъи сангпоравӣ (моренна) буда, косаи ин кўлҳо дар сойи сангпораи қадимаи боқимондаи пиряхҳо ҷой гирифтаанд. Он аз ин кўлҳо бо воситаи полоиши байни сангпораҳои пиряхӣ ба амал меояд. Кўлҳо аз қабати яхбарфи баландкўҳ ва аз пиряхи нишеб дар баландиҳои 3600 – 3700м аз сатҳи баҳр сероб мешаванд.
Расми 1. Кўли пиряхӣ
Дар давраи мушоҳидаҳо маълум гардид, ки вобаста ба таъсири нишебӣ қабати яхбарф дар баландиҳои 3500 – 3600 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Пиряхҳои дар наздикии кўлҳо ҷойгир буда, дар косаҳои худ хуб ҷойгир буда, пешонаи тезбаромадаи тарқишдор надоранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар атрофи ин кўл хатари кандашавии массаи пирях ғайриимкон аст. Қисми поёнии пиряхҳо аз қабати яхбарфӣ поён ҷойгиранд, аз ин рў рупуши яхбарфӣ надоранд.
1.Кўли Ҳазорчашма.
Кўл дар баландии 2400 м аз сатҳи баҳр қарор дорад. Сатҳи кўл ба 0,98км2 мерасад. Сарбанди кўл мустаҳкам буда, аз ҷинсҳои гранит ва гранодиоритӣ дар шакли лою рег ва шағал мустаҳкам шудааст. Хатари рахнашавии кўл вуҷуд надорад. Дар релефи кўҳии атрофи кўл манбаъҳои гуногуни аз сел ҳосилшаванда дида мешавад. Селҳои намуди гилу регин ва камубеш намуди гилусангин буда, масоҳати майдоне, ки дар он метавонад сел пайдо шавад, ба 1,2 – 1,5км2 баробар аст. Хатари сел одатан дар мавсими баҳор дида мешавад. Дар ҳудуди резиши дарё ба кўл – қисмати резишгоҳ қабати таҳшин хуб дида мешавад.
Расми 2. Кўли Ҳазорчашма
2.Кўли Марғузор
Кўл да баландии 2132м аз сатҳи баҳр қарор дорад. Масоҳати он ба 1,12км2 мерасад. Сарбанди кўл мустаҳкам мебошад. Ҷуй аз кўл ба болои сарбанд ҷорӣ мешавад. Сарбанд аз ҷинсҳои калонҳаҷми гранит (анг: granite- санги хоро, гунае аз санги озарин аст. Бофти он дорои донаҳои миёнаҳаҷм то дурушт мебошад), гранодиорит (навъи санги озарини сохташуда аз кристалҳои дидашаванда), гнейс (анг: Gneiss, санги ҷарқа-навъи санги дигаргуни донадурушт аст, ки таркиби он монанди санги гранит аст) ва аз дигар модаҳо таркиб ёфтааст. Дар минтақаи кӯл селҳо аз якчанд манбаҳои пароканда ба вуҷуд меоянд, ки дорои масоҳати 2,5-2,7 км2 дар баландии 2200 - 2300м аз сатҳи баҳр мебошад. Аз рўи буришҳои эрозиявии хок дар қисмати болоии кўл гуфтан мумкин аст, ки селҳои гилу санговар метавонад то поёни дашт рафта расад. Хавфи пайдошавии сел дар ҳудуди сарбанд дида намешавад. Ба манзилҳои истиқоматӣ ва роҳҳои мошингард хатари сел вуҷуд надорад.
Расми 3. Кўли Марғузор
3.Кўли Падруд
Масоҳати кўл 0,02 км2 буда, дар баландии 1200 м аз сатҳи баҳр қарор дорад. Сарбанди кўл мустаҳкам буда, аз ҷинсҳои гуногуни калонҳаҷми гранитӣ, ҷинсҳои гнейсӣ якҷоя бо рег ва шағал таркиб ёфтааст. Сарбанд бо қабати бутта ва дарахту буттавӣ пушида шудааст. Аз ин рў, оби кўл бо роҳи полоиш берун мешавад ва хатари рухнашавии кўл дида намешавад. Нишонаҳои сел аз рўи мушоҳидаҳо гуфтан мумкин аст, ки дар масоҳати бехавф ба кўл дида мешавад.
Расми 4. Кўли Падруд
4.Кўли Нофин
Масоҳати кўл 0,52км2 буда, дар баландии 1796 м аз сатҳи баҳр қарор дорад. Сарбанди кўл мустаҳкам буда, аз ҷинсҳои гуногуни гранитӣ, диоритӣ (анг: Diorite-як санги озарин), ҷинсҳои гнейсӣ акҷоя бо рег, шағал ва гил таркиб ёфтааст. Оби он аз сарбанд бо роҳи полоиш ҷорӣ мешавад. Дар он нишонаҳои сел кам мушоҳида мешаванд. Як қатор нуқтаҳои манбаъи селҳосилшавӣ бо масоҳати 2,2-3,2км2 дар забонаи дарёи Шинг дида мешавад. Дар мавзеъи кўл хавфи зарари сел дида намешавад, вале ин хавф дар масофаи 2 км аз сарбанд вуҷуд дорад.
Расми 5. Кўли Нофин
5.Кўли Гушор
Масоҳати кўл 0,1км2 буда, дар баландии 1700 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Сарбанди кўл мустаҳкам буда, аз майдапораи ҷинсҳои гнейсӣ, гранитӣ бо омехтаи регу лой таркиб ёфтааст. Сарбанд бо рустаниҳо, дарахтони бутагӣ пӯшида шудааст. Оби кӯл аз болои сарбанд ҷорӣ мешавад. Манбаъҳое, ки аз он метавонад сел ҳосил шавад, аз кўл поёнтар дар мавзеи шохобҳои дарёи Шинг дида мешавад.
Расми 6. Кўли Гушор
6.Кўли Соя
Масоҳати кўл 0,08 км2 буда, дар баландии 1695 м аз сатҳи баҳр қарор дорад. Сарбанди кўл мустаҳкам ва мураккаб буда, аз пораҳоии калонҳаҷми ҷинсҳои гнейсӣ, гранитӣ бо регу лой ва шағал таркиб ёфтааст. Об аз кўл бо роҳи полоиш аз байни сарбанд амалӣ мегардад. Ҷойҳои селомад аз сарбанд поён ҷойгир буда, селҳои гилусанговар ва шусташуда аз кўл поёнтар дида мешавад. Обпартобҳои селӣ дар тарафи рости дарёи Шинг ба қайд гирифта шуд. Ин сел сели лою сангин буда, чунин намуди сел ба роҳҳои нақлиётӣ ва хатҳои барқӣ хатар доранд.
Расми 7. Кўли Соя
7.Кўли Нежгон
Масоҳати кўл 0,05км2 буда, дар баландии 1600 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Сарбанди кўл мустаҳкам буда, аз пораҳоии калонҳаҷми ҷинсҳои гранитӣ, гранодиоритӣ бо регу лой ва шағал таркиб ёфтааст. Оби кўл бо пуштаи сарбанд ҷорӣ шуда, ба поёни дашт мерезад. Макони селомад дар масоҳати 2,3-3,4км2 ҷой гирифта, ба роҳҳои автомобилгард, хатҳои барқӣ ва каму беш ба ҷойҳои истиқоматӣ зарар мерасонанд.
Расми 8. Кўли Нежгон
Хулоса
Мушоҳидаҳои аэровизуалии кўлҳои рахнашаванда нишон доданд, ки дар умум айни ҳол сарбандҳои кўлҳо мустаҳкам буда дар ҳолати хуб қарор доранд. Нишонаҳои вайроншавии сарбанд дида намешаванд. Барои омўзиши дақиқи раванди сел дар наздикии мавзеъҳои истиқоматӣ экспедитсияҳо ташкил намудан зарур аст. Мушоҳидаҳои дақиқ барои бехатар кардани маконҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои сохтмонӣ аз селҳо ва оқибатҳои он муҳим аст.