Аз ҳавои сард маъмулан бемор намешаванд. Баръакс, дар тирамоҳу зимистон бештар вақти худро дар ҳавои кушод гузаронидан барои бачаҳо ҳам аз нигоҳи саломатӣ ва ҳам аз нигоҳи рушди равониву ҷисмонӣ муфид аст. Ҳатто муҳим нест, ки тобистон аст ё тирамоҳ: агар кӯдак бемор набошад, вай набояд тамоми рӯзро дар хона гузаронад
«Бисёр вақт падару модарон фикр мекунанд, ки вақте ҳарорати ҳаво коҳиш меёбад ва офтоб паси абрҳо пинҳон мешавад, бачаҳо бояд дар хона биншинанд, вале набояд чунин бошад!», - мегӯяд Моника Кастанйетти, равоншинос ва мураббии Маркази саломатии Триестаи Италия.
Ӯ мегӯяд, ин ҳам аз нигоҳи саломатӣ ва ҳам аз талаботи умумии кӯдак ва имкониятҳои вай барои рушди ҷисмониву равонӣ тавсия намешавад».
Ҳавои кушод ва саломатӣ
«Пас биёед афсона дар бораи таъсири сардӣ ба саломатиро баррасӣ кунем, - мегӯяд духтури кӯдакон Лаура Реалӣ, - Бо назардошти тағйири иқлим, ки ба гармои сартосарӣ иртибот дорад, давраҳои сардӣ коҳиш меёбанд, ин ғоя, ки сардӣ ба мо асар мегузорад, моли гузашта мешавад».
Муҳити бозу кушод эҳтимолияти густаришу паҳн шудани бемориҳои гуногунро кам мекунад. Дар мавсими зимистон, ки хонаҳоро одамон гарм мекунанд, дар иншоотҳои пӯшида ба мисли кӯдакистонҳо ва мактабҳо бактерияҳо ва вирусҳо афзоиш меёбанд ва хатари аз тифле ба тифли тигар сироят ёфтани онҳо бештар мешавад.
Дар фазои боз ва ҳавои кушод ин як андоза мушкилтар аст, аз ин рӯ мутахассисон чунин меҳисобанд, ки ҳатто дар ҳавои сард бачаҳо дар кӯдакистонҳо ва мактабҳои ибтидоӣ бояд соатҳоеро дар ҳавои кушод гузаронанд.
Ғвйр аз ин таъсири рӯшноии офтоб ёрӣ мерасонад, ки витамини Д дар бадан аз худ карда шавад, ин хеле муҳим аст. Дуруст аст, ки зимистон нури офтоб хеле кам аст, аз ин рӯ камии витамини Д ҳам аз он ки тамоман набошад, хуб аст.
Ҷойи идеалӣ барои бозии бачаҳо дар ҳавои кушод гулгашту боғхо ба шумор мераванд. Бачаҳое, ки вакти бештари худро дар ҳавои кушод мегузаронанд, пеш аз ҳама бисёр ҳаракат мекунанд, аз сӯйи дигар вакти камтари худро дар назди телевизион ва компютер мегузаронанд, ки ин ҳам хуб аст.
Ғайр аз ин бозӣ дар ҳавои кушод барои қадкашии тифлон зарур аст. Яъне, дар ин ҳол ба кӯдак хамаи сарулибосе, ки дар ҷевон дорад, напӯшонед.
Онҳо бояд либосҳои мусоиду бароҳат дар чанд қабат пӯшида бошанд, то ин ки новобаста ба дамои ҳаво онро кашупӯш карда натавонанд.
Мо хуб медонем, ки бачаҳо дӯст медоранд барфбозӣ кунанд, дар барф паропар кунанд, лижаронӣ кунанд. Бояд ин имконро ба онҳо Aароҳам овард.
Аз сӯйи дигар бача ба шароитҳои мухталиф чӣ га мутобиқ мешавад, агар сардӣ, шамолро ҳис накунад, обу оббозиро надонад?
- Ютуб: www.youtube.com
- Фейсбук: facebook.com
- Телеграмм: telegram.org
пайгирӣ кунед!