Ҳалокати даҳ нафар дар як садамаи ҳавопаймоӣ

Бар асари суқути ҳавопаймои думотора дар иёлоти амрикоии Техас даҳ нафар кушта шуданд. Дар ин бора ширкати телевизионии   CBS DFW истинодан ба манбаъҳои расмӣ хабар дод. Ин ҳодисаи нохӯш рӯзи якшанбе рух додааст. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо ҳангоми парвоз дар фарози фурудгоҳи шаҳри Эддисон ба ангар (макони ист ва таъмири тайёраҳо) бархӯрдааст. Ҳамаи сарнишинон ва мусофирони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.  Дар айни замон кормандони мақмоти ҳифзи ҳуқуқ иллатҳои ин садамаи маргборро таҳқиқ мекунанд. 

Таблиғи таъмини амният дар замони истироҳати тобистон

Тобистон аст ва мавсими тафреҳу истироҳат. Аксаран аз гармои шадид ба соҳили рӯдхонаву обанборҳо паноҳ мебаранд. Гурӯҳе дӯст медоранд шиноварӣ кунанд ва рӯзҳои истироҳату рухсатии худро сарфи ин шуғл мекунанд. Гурӯҳе завқу шавқи моҳидорӣ доранд. Ва мераванд лаби соҳил ва шаст ба дарё меандозанд. Аксари кӯдакону наврасонро волидонашон бо худ ба истироҳат мебаранд ва боз ҳам ба соҳилҳо, зеро макони хуби истироҳат ва фирор аз гармо ҳамин соҳилҳоянд. Ва будубош дар соҳилҳо қонунҳои навиштаву нонавиштаи худро доранд, ки шояд на ҳама хуб медонанд.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни истироҳаткунандагони махзанҳои оби Хоруғ

Тобистон, мавсими гармо, замони тафреҳу истироҳат, рухсатии корӣ, таътили тобистонаи кудакон. Ва ҳар кас мехоҳад таътилаш хотирмон гузарад. Аммо кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии навбатдории шабонарӯзӣ дар соҳили обҳо талош мекунанд ин истироҳату тафреҳ барои сокинон бехатар гузарад.

ТАВСИЯҲО БАРОИ ГАРМО: Чӣ бояд кард?

Гармои шадиди тобистон водор мекунад, ки дар низоми зиндагонии худ баъзе тағйирот ворид созем, то ба гармо мутобиқ шавем, саломатии худро ҳифз намоем. Ҳангоми гармии тоқатшикан боло рафтани ҳарорати бадан (болотар аз меъёри 37,0°С) душмани аслии саломатии инсон аст.

ГАРМОИ СЕ РӮЗИ ОЯНДА: Хеле эҳтиёткор бошед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 1 то 3 июли соли равон ҳаво дар кишвар гарм мешавад. Дар баъзе манотиқи мамлакат гармии ҳаво то ба 44 дараҷа мерасад. Гармои шадид дар баландкӯҳҳо  сабабгори бошиддат об шудани пиряхҳо, барфҳо ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо мешавад. Эҳтимоли обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг зиёд аст.

Страницы