Савганди садоқати наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Рашт

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Рашт воқеъ мебошанд, наваскарон ба номи Ватан савганди садоқат ёд карданд.  Дар ин рӯзи хотирмон барои кулли сарбозони навдаъват роҳбарияти КҲФ, падару модарон, пайвандон, дӯстони наздикашон, ҳамчунин меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.

Баъди фармони омода кардани ҳайати шахсӣ ба савганд, наваскарон дар як вазъи ботантана қасам ёд карданд: савганде, ки иҷрои он адои хизмати ҳарбӣ қарзи инсониву виҷдонӣ дар назди Ватан  аст.

Ҷонишини аввали Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Шоҳиён сарбозони ҷавонро ба ин рӯйдоди муҳим ва фаромӯшнашуданӣ дар ҳаёташон муборакбод кард ва гуфт, ки барои Ватани маҳбуб хизмати шоиста кунанд ва ҳиссаи сазовори худро дар ҳифзи он гузоранд. 

Дар маросими савганди садоқати наваскарон дар қисми ҳарбии Рашт ҷонишини Раиси Кумита, полковник Ҷ.Маҳмадзода иштирок намуд. Зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҳар кадоми шумо дар назди худ вазифа гузоштаед, ки кори ҳарбиро тавре бояду шояд омӯзед, Низомномаро иҷро кунед, ба фармонҳо итоат намоед ва барои рушди шахсии худ талош варзед. 

Дар оғозу анҷоми савганди садоқат суруди миллии Тоҷикистон садо дод ва баъдан зери навои оркестри ҳарбӣ сафороӣ ва қадамзании ҳарбӣ доир гардид.  

Дар охир волидон ва пайвандон ва меҳмонон бо шароити будубоши сарбозон, қисми ҳарбӣ, дарсхонаҳо, сарбозхонаҳо ошно шуданд, бо афсарон ҳамсуҳбат гаштанд.

Аз ин рӯз навакарон ба қисмҳо ҷудо карда мешаванд ва барояшон дарсҳои ҳарбиву омодагиҳо оғоз мешаванд.

Дониш, маҳорату малакаҳои наваскарон нишон медиҳад, ки онҳо масъулият, ҳисси ватандӯстӣ, қарзи шарҳвандӣ ва муҳаббат ба Ватанро вазифаи муқаддаси худ медонанд.

барчасп: