Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар кулли манотиқи кишвар ҳаво ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст. Ҳарчанд аз сардиҳои бештар иттило дода намешавад, вале дамои ҳаво назар ба рӯзҳои пеш фарқ мекунад. Дар баландкӯҳҳо ҷо-ҷо шабона барф ҳам меборад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрист ва гоҳ – гоҳе борон меборад, дар баъзе мавридҳо туман осмони пойтахтро мепӯшад, вале туманест, ки зуд пароканда мешавад. Шамол аз ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво низ шабона 3+5 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар навоҳии тобеъи марказ низ ҳавои абрӣ пешбинӣ шудааст, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон ва баъзан барф меборад. Борон дар баъзе навоҳӣ бошиддат меборад, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд низ туман дар назар дошта шудааст, борон ҳам меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 3+5 ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво абрист, дар водиҳо борон, дар навоҳии кӯҳистонӣ гоҳ борону гоҳ барф меборад. Вазиши бод аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония хоҳад буд. Дар водиҳои ин вилоят шабона 1+6 дараҷа ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ абрист, борон ва баъзан барф ҳам меборад. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+5° гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Мурғоб ҳаво абрист, вале бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 16-18°, рӯзона 5-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ низ ҳаво пурабр мешавад, дар ноҳияҳои ҷудогона борону барф ҳам дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад, дар шарқи вилоят шабона аз 13 то 18 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа (дар Булункул аз 12 то 14 дараҷа)сард мешавад.
Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, борони суст ҳам меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 6+8 дараҷа гарм, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад
Дар ш. Кӯлоб низ борони суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 5+7, рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво абрист, дар баъзе навоҳӣ борон меборад, шабона дар баландиҳои зиёда 2000 метр барф меборад, дар баъзе минтақаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.