Давраҳои омӯзишии корҳои зиддижола дар КҲФ

Дар остонаи мавсими нави киштукор ва бо мақсади такмили ихтисоси кормандон дар Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои омӯзишии навбатӣ баргузор шуданд.

Мутахассисони соҳибтаҷриба дар ҷараёни ин курсҳои омӯзишӣ кормандони ҷавонро дарси маҳорат омӯхтанд,

Ширкати намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар форуми Олмаато

Дар шаҳри Олмаатои Ҷумҳурии  Қазоқистон форуми минтақавии “Сармоягузориҳои хатарҳои офатҳои табиӣ” мегузарад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат дорад. Ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Рустам Шоҳиён низ шомили ин ҳайат аст.

Ҳалокати чор наврас дар рустои Оби Канапои ноҳияи Айнӣ

23 феврали соли равон соати 18:20 дақиқа дар деҳаи Оби Канапои ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз сабаби риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар иншоотҳои обӣ чаҳор ноболиғ дар ҷараёни яхмолакбозӣ дар ҳавзи сунъи маҳаллашон ба ҳалокат расидаанд.

Ин наврасон дар яхи болои ҳавз, ки дарозиаш 70 метр буда, умқаш то 6 метр мерасад, бозӣ доштанд ва чун яхи зери пои

Суханронии Пешвои миллат дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Муҳтарам собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мардуми шарифи кишвар санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо мебошанд, бо рӯҳияи

Тими Раёсати Кумита дар ВМКБ дар мусобиқоти футзол барандаи ҷоизаи Вазорати мудофиа шуд

Дуюмин пирӯзии варзишкорони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дарёфти Ҷоми Вазорати мудофиаи кишвар. Ин бор дастаи футболбозони Раёсат дар бозии ниҳоӣ оид ба футзол (минифутбол) дастаи ДОСААФ-ро шикаст доданд ва Ҷоми Вазорати мудофиаро соҳиб гаштанд. Пирӯзонро муборакбод мекунем!

Страницы