Ҳамасола бориши жола ба иқтисодиёти ҷаҳон то 5,2 миллиард доллари амрикоӣ зарар мерасонад. Тоҷикистон чун сарзамини кӯҳистонӣ аз ин хатар эмин нест. Ҳар аввали баҳор мо шоҳиди боронҳои пуршиддат ва бориши шадиди жола мешавем, ки ба иқтисоди ҷумҳурӣ зарари калони моддӣ мерасонад. Бо мақсади таъмини ҳифзи зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ташкил ва гузаронидани корҳои зидди жола дар водиҳои Ҳисор ва Вахш тибқи нақша ҳамасола амалӣ мешавад. Зеро маҳз ҳамин минтақаҳо ба жола осебпазир мебошанд.
Мубориза зидди жола таърихи дурудароз дорад ва таҳлили он вақти зиёд мехоҳад. Танҳо хотиррасон мешавем, ки аз соли 1960 корҳои зидди жола дар назди Маркази илмӣ-тадқикотӣ ва метеорологии институти Осиёи Миёнаи экспедитсияи зидди жолаи Ҳисор таъсис дода шудааст. Рӯзӣ 5 майи соли 1963 дар водии Ҳисор майдони 46 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ, хусусан пахта, ангур ва дигар зироатҳо пурра бар асари боридани жола нобуд шудаанд.
Бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 6 марти соли 1964 «Дар бораи таъмини кори доимии экспедитсияи зидди жолаи Ҳисор», бо 5 - адад нуқтаҳои мушакпарронӣ таъсис дода шуда буд. Баъди ин соли 1967 дастаи зидди жолаи шаҳри Ваҳдат (он замон Орҷоникизобод) бо 7 - адад нуқтаҳои мушакпарронӣ, соли 1968 дастаи зидди жолаи шаҳри Турсунзода (он замон Регар) бо 5 - адад нуқтаҳои мушакпарронӣ таъсис дода шудааст.
Аз соли 1971 корҳои зидди жола дар водии Хатлон (Вахш) оғоз гардид ва ҳамон сол дастаи зидди жолаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозободи пешин) бо 6 - адад нуқтаҳои мушакпарронӣ таъсис дода шуда, ҳифзи зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва баъзе қисматҳои ноҳияҳои Ҷиликўл ва Вахшро аз бориши жола ҳифз менамуд.
Соли 1976 дастаи зидди жолаи ноҳияи Бохтар (Курғонтеппа) бо 7 - адад нуқтаҳои мушакпарронӣ таъсис дода шуда буд, ки зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои ноҳияҳои Бохтар,Ғозималик, Хоҷамастон ва ноҳияи Вахшро аз бориши жола ҳифз менамуд.
Ҳамзамон соли 1980 дастаи зидди жолаи ноҳияи Ёвон бо 5 - адад нуқтаҳои мушакпарронӣ таъсис дода шуда буд, ки заминҳои кишоварзии ин ноҳияро аз жола ҳифз менамуд.
Дар солҳои 1980 - 1990-ум дар қаламрави ҷумҳурӣ 6 - адад дастаҳои зидди жола ва 36 - адад нуқтаҳои мушакпарронӣ майдони 690 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Ваҳдат, Бохтар, Вахш, Ҷиликўл, Хоҷамастон Ёвон ва Ғозималикро бо истифода аз таъҷҳизоти зидди жола ҳифз менамуданд.
Бояд гуфт, ки бар асари воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дастаҳои зидди жола дар ҷумҳурӣ пурра аз фаъолият бозмонда буданд. Сарраёсат фаъолияти худро солҳои 1994-1997 аз сар гирифт, соли 1998 3 дастаи зидди жола дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Ёвон ба роҳ монда шуд.
Ҳамин тариқ, баъди анҷоми ҷанги дохилӣ ва имзои созишномаи сулҳ суббот ба кишвар баргашт ва хадамти жола низ чун аксари ниҳодҳои дигар фаъол гардид ва ҳоло яке аз муҳимтарин ниҳод дар мубориза зидди жола ба ҳисоб меравад. Солҳои 2010 – 2016 дастаҳои зидди жола қисман бо дастгоҳхои мушакпарронии автоматикунонидашудаи «Элия – 2» таъмин карда шуда, барои таъмини ҳифзи зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои ҷумҳурӣ аз офатҳои табии бориши жола аз мушакҳои зидди жолаи «Алазан-6» истифода мекунанд.