Занги телефонии сокини кӯчаи ба номи Алишери Навоии пойтахт Ж.Манорова гурӯҳи зудамали Маркази идораи ҳолатҳои буҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ба хона ӯ бурд. Мавсуф хабар медод, ки вақти берун рафтан аз хона бо худ калид нагирифтааст ва чун баргашт, дари бозро баста дид. Дар хона ноболиғе дорад, ки наметавонад аз дохил дар боз кунад.
Кормандони воҳиди фаврӣ бо ёрии таҷҳизоти махсус дари хонаро боз намуданд ва фарзанди ноболиғашро бе ягон осеби ҷисмониву равонӣ ба модараш супурданд.
Ҳамин гуна як ҳодисаи дигар боз шаби гузашта дар кӯчаи ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои пойтахт рух дод. Соҳиби хона Наталя Арестова мегуфт дараш маҳкам шудаву наметавонад онро боз кунад. Гурӯҳи зудамали раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе сари вақт ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ба соҳибхона барои рафъи мушкилаш ёрӣ расонданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми берун шудан аз хона бе ягон саросемагӣ аввал бо худ доштани калидро санҷанд, сипас дарро банданд.
Дар хона танҳо мондани тифл ё ноболиғ хатар дорад, аз ин рӯ, агар модар мехоҳад берун равад ва саробоне ба тифлаш надорад, пас хуб аст ӯро бо худ бигирад, то аз ҳар гуна ҳодисаи нохӯш пешгирӣ шавад.