Гурӯҳе аз олимони Платформаи байнидавлатии илмӣ-сиёсӣ оид ба гуногунии биологӣ ва системаи зистмуҳитӣ (IPBES) ахиран бо ироаи як маърӯзаи илмӣ аз нобудии ҳудудан 1 миллион намуди ҳайвоноту рустаниҳо зарфи чанд даҳсолаи оянда изҳори нигаронӣ карданд. Ин маърӯза ахиран дар дафтари ЮНЕСКО дар Фаронса пешниҳод шуд.
Онҳо дар гузориши илмӣ истилоҳи “шашумин инқирози умумӣ”-ро ба кор бурдаанд ва мегӯянд ин бор ин миқдор ҳайвонот ва рустаниҳо на ба иллати тағйири иқлим, балки бар асари фаъолияти инсон нобуд хоҳанд шуд. “Фаъолияти инсон ба нобудии гунаҳои зиёди ҳайвоноту рустаниҳо таҳдид мекунанд. Ба ҳисоби миёна ҳоло 1 миллион намуд дар остонаи маҳв қарор дорад”,- омадааст дар маърӯза.
Як шарҳи кутоҳ: Инқироз дар луғат ба маънои бурида шудан, ба охир расидан, тамом шудан, аз миён рафтан, нобуд шудан аст ва истилоҳи дигаре ҳам ҳаст: инқирози олам, ки ба маънои нобудии дунёд ва фарорасии қиёмат аст.
Муаллифон сабабҳои ин маргумири олами наботот ва ҳайвонотро бештар дар тағйири муносибати инсон ба замин, истифодаи мустақими организмҳои зинда (ба мисли шикор), тағйири иқлим, харобии муҳит ва паҳн гардидани намудҳои касалманду паразити он медонанд.
Дар айни замон ҳаёти 40 дарсади ҳайвоноти дубаҳра, 33 дарсад обсангҳои марҷонӣ ва беш аз се ҳиссаи пистондорони баҳрӣ зери хатар аст. Тибқи омори ироашуда 10 дарсади ҳашараҳо зери хатари нобудианд, вале олимон бар ин назаранд, ки агар вазъ ин гуна идома кунад, дар соли 2190 дар Замин аслан ягон ҳашарот боқӣ намемонад, ки ин биосфераро комилан тағйир медиҳад. Дар маърӯза омадааст, ки аз асри XVI то ба имрӯз на камтар аз 680 намуди муҳрадорон нобуд шудаанд.
Дар омода кардани ин маърӯза 145 коршинос аз 50 кишвари олам ширкат карданд. Онҳо натиҷа чандин ҳазор пажӯҳишро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Ҳангоми муаррифии маърӯза раиси гурӯҳ аз СММ Роберт Уотсон гуфта буд, ки инсоният кайфияти зиндагӣ дар рӯйи Заминро баҳам мезанад.
Дар таҳқиқоти олимон ҳамчунин чораҳои наҷоти Сайёра аз нобудии унсурҳои билогӣ пешниҳод шуда буд.
- Аввалтар ҳама сокинони азимҷуссаи Уқёнусҳои олам – наҳангҳо, делфинҳо, анбармоҳиҳо мемиранд, - мегӯяд яке аз муаллифони таҳқиқиқот Ҷонатан Пэйт. – Ва баъд навбат ба моҳиёни хурдҷусса мерасад. Марҷонҳо низ аз байн меравад.
Ӯ мегӯяд ба моҳӣ пеш аз ҳама пластик таъсир мерасонад, дар айни замон 30% ифлосиҳои обҳо аз маснуъоти пластикист ва соли 2050 ин ба маротиб хоҳад афзуд. Яъне, вазни партовҳои пластикӣ дар обҳо амалан ба вазни умумии бошандагони обҳо баробар мешавад. Дар уқёнуси Ором партовҳои пластикие, ки зери об намераванд, ҷо-ҷо ба сурати ҷазира-партовгоҳҳо даромадаанд.
Вазъ берун аз об боз ҳам бадтар аст. Профессор-зистшинос Пол Эрлик мегӯяд аз соли 1500 то ба имрӯз олами моро 320 намуди муҳрадорон тарк карданд. Ин албатта, бад аст. Вале бадтар аз ин чизи дигар аст. Пештар дар ҳар 100 сол ду намуди пистондорон аз байн мерафтанд, аммо ҳоло суръати ин м ирандагӣ қариб 100 баробар афзудааст. Ва ин торафт ба оморе наздик мешвад, ки 65 имллион сол пеш динозаврҳо дар рӯйи Замин боқӣ намонданд.
Муҳаққиқон ба ин шаку шубҳае надоранд, ки сабабгори аслии ин маргумир худи ИНСОН аст. Ва даҳшатноктар аз ин ҳама худи инсон низ рӯ ба нобудӣ меорад. Зистшиноси британиёӣ Дэвид Ауэрбах (David Auerbach ) мегӯяд, ки муддати 100 соли оянда инсон дар гирдоби тағйири иқлим, дамои фарогир мемонад. Иқлим бар асари партови бештари газҳои гулхонаӣ дар олам, ки ҳоло барои коҳиши онҳо кишварҳои пешрафтаи саноатӣ розӣ намешаванд, гармтар мешавад ва ин ба ҳаёти инсон хатари бештар дорад.
Ауэрбах аз он нигарон аст, ки зарфи 100 соли оянда ҳарорати ҳаво дар Замин 5 дараҷа меафзояд ва ин ба фалокати азим оварда мерасонад.
Маро дар:
- Ютуб: www.youtube.com
- Фейсбук: facebook.com
- Телеграмм: telegram.org
пайгирӣ кунед!