Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои рушди иҷтимоъӣ - иқтисодии Барномаҳо ва консепсияҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 феврали соли 2008 Кумита бо мақсади муайян кардани самтҳои асосии МГ ва ҲФ «Барномаи рушди системаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2009-2014» таҳия ва дар амал тадбиқ намудааст.
Дар Барнома ба масоили пешбинӣ, пешгирӣ ва коҳиши зарари эҳтимолии ҳолатҳои фавқулода, инчунин такмили системаи мудофиаи гражданӣ таваҷҷўҳӣ хос дода шуда буд.
Дар Барнома иқдомоти зерин пешбинӣ шуда буданд:
- аз нав барқарор кардани фонди иншооти муҳофизатии МГ (паноҳгоҳҳо, ба шумули паноҳгоҳҳои зидди радиатсионӣ) дар шаҳри Душанбе, марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ;
- эҳё ва барқарор кардани захираҳои сафарбарии гурўҳи 2, захираҳои дахлнопазир хўрокворӣ ва доруворӣ;
- ба ихтиёри Кумита гузаронидани Маркази ягонаи муҳофизатии аз шаҳр беруни мудирияти МГ ва барқарор намудани фаъолияти он.
Бо мақсади иҷрои Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 43 млн. 560 ҳазор сомони ҷудо шуда буд, ки барои ташкил ва таҳкими заминаи моддӣ - техникии Кумита, харидории воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти зарурии садамавӣ - наҷотдиҳӣ масраф шуданд.
Аз ҳисоби маблағгузориҳои инвеститсионӣ 16 млн. 50 ҳазор доллари ИМА ҷудо шуда буд, ки ҷиҳати тадбиқӣ Барнома, навсозии заминаи моддӣ -техникӣ ва таълимии Кумита, ситодҳои вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳри Душанбе, инчунин бо афзорҳои зарурӣ муҷаҳаз кардани дастаҳои наҷот сарф шуданд.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷетии мақомоти худидоракунии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд мутаносибан 4 ва 2 автомашинаи садамавиву наҷот ва таҷҳизоти муҳандисӣ-техникӣ барои истифода дар чорабиниҳои ҷустуҷўйӣ ва наҷотдиҳӣ харидорӣ шудааст.
Дар доираи Барнома ҷиҳати дар минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёд намудани ҷузъу томҳои наҷотдиҳии кўҳӣ ва бо кадрҳои соҳибихтисос такмил намудани онҳо барои хизматрасонӣ дар иншооти хатарнок корҳо суръат гирифтанд.
Инчунин Барнома бо техникаи махсус, таҷҳизоти садамавӣ - наҷотдиҳӣ, тиббӣ, асбобҳои лабораторӣ ва техникаи зидди сўхтор таъмин намудани ҷузъу томҳои наҷотдиҳии кўҳиро пешбинӣ намуда буд.
Барои таъмини коршоямии ҷузъу томҳои наҷотдиҳии кўҳӣ ҳар сол ҷудо намудани 2 млн. 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
(Давом дорад)