Садои хурӯши тӯфон ба донишмандон кӯмак мекунад, то битавонанд замон ва макони шакл гирифтани гирдбодро пешбинӣ кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки гирдбодҳо яке аз шадидтарин навъи тӯфонҳо дар кураи замин ҳастанд. Яке аз шароити ташкили гирдбод вуҷуди ҳарорати баланд аст. Вақте ҳавои гарм ва намнок бо тӯдае аз ҳавои сард ва хушк бархӯрд мекунад, бо ҳолати таркиш ба самти боло партоб мешавад ва аз қабати болоӣ мегузарад.
Дар ин шароит мумкин аст як фазои чароғакдор ҳосил шавад. Гирдбод метавонад аз чандин сония то беш аз як соат давом дошта бошад ва тӯли ин муддат даҳҳо километр ҳаракат кунад.
Қабл аз чунин ҳодиса маъмулан тӯфони бузурге рух медиҳад ва мумкин аст ҳамроҳ бо бориши борон, раъду барқ ва чароғак бошад. Донишмандон то кунун ба таври қотеъ намедонистанд, ки гирдбод дар чӣ мавқеъ шакл мегирад ё куҷо мумкин аст ҳадаф қарор гирад.
Онҳо медонистанд, ки тӯфон бо садоҳои асроромез ва хурӯшмонанде ҳамроҳ аст, аммо далели ба вуҷуд омадани чунин садоҳоеро намедонистанд. Акнун онҳо мегӯянд, ки шумори фарзияҳоро баъди таҳқиқоти чандинсола кам кардаанд ва ин метавонад ба онҳо барои пешбинии макони гирдбодҳои оянда кумак кунад.
Ин садоҳо камтар аз ҳадди шунавоии инсон ҳастанд, аммо донишмандон муваффақ шудаанд ин садоҳоро бо таҷҳизоти махсус бишнаванд.
Доктор Броён Элбинг аз Донишгоҳи Оклохома, ки дар ин таҳқиқ ширкат доштааст, мегӯяд “сигнали тӯфон қабл аз ин ки гирдбод ба замин бирасад, рух медиҳад. Ин садоҳо баъд аз иртиботи гирдбод бо замин идома меёбанд ва пас аз муддати авҷ гирифтанаш нопадид мешавад”.
Манбаъ: ВВС-форсӣ.
Маро дар:
- Ютуб: www.youtube.com
- Фейсбук: facebook.com
- Телеграмм: telegram.org
пайгирӣ кунед!