Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ ҳангоми гузаштан аз давраи осоишта ба замони ҷангӣ”, ки муддати шаш рӯз дар се марҳила гузашт, ба анҷом расид. Он дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2019, ки аз ҷониби Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 30 январи соли 2019 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ шуд.
Ба машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант намояндагони хадамоти мудофиаи граждании ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ва Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон, ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании шаҳри Левакант, ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо ва иншоотҳои иқтисодии шаҳри Левакант дар умум 32 ташкилоту идораҳо ҷалб гардиданд.
Марҳилаи якум субҳи бармаҳали рўзи 26 ноябр оғоз гардид ва ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании шаҳр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷамъ оварда шуда, аз дараҷаи омодагии «Доимӣ» ба дараҷаи омодагии «Баланд»-и мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.
Марҳилаи дуюми машқ рўзи 29 ноябри соли 2019, соати 08:00 оѓоз гардида, қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании шаҳр дар корхонаи саноатии Неругоҳи Барқи Обии «Вахш» ҷамъ оварда шуда, аз ҳолати омодагии дараҷаи «Баланд» ба ҳолати омодагии «Хатари ҷангӣ» гузаронида шуд.
Марҳилаи сеюм таҳлил ва ҷамъбасти машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ, ки раисони комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, сардорони мудофиаи граждании хадамот, ҷамоат, ташкилоту муассисаҳо ва иншоотҳои иқтисодии шаҳр дар СНБО-и «Вахш», рўзи 29 ноябри соли 2019, соати 11:20 дақиқа гузаронида шуда фаъолияти қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании шаҳр ҷамъбаст ва арзёбӣ карда шуд.