Бар асари садама дар Тунис 26 нафар ҷаҳонгардон ҷон бохтанд

Теъдоди ҳалокшудагон дар садамаи нақлиётӣ дар Тунис ба 26 нафар расид. Пештар аз ҳалокати 22 нафар расман хабар дода мешуд. Мақомот гуфтаанд, ки ин садама рӯзи якшанбе дар қисмати шимолу шарқии мамлакат, дар қаламрави вилояти Боҷа, каме дуртар аз шаҳри Айн-Драҳам рух додааст. Ин автобус сайёҳонро аз пойтахти Тунис ба сайругашти буруни шаҳр мебурд. Дар хабар омадааст, ки автобус ҳангоми ҳаракат 43 мусофир дошт, ки 26 тани онҳо кушта шудаанд.

Мақомот то ҳол маълуоти бештаре дар ин бора ироа накардаанд. Таҳо гуфта шудааст, ки автобус дар роҳи ҳаракаташ ба самти Айн-Драҳам аз роҳи аслӣ берун шуд ва чаппа гашт. Ба эҳтимоли зиёд аз сабаби суръати баланди ҳаракат ронанда натавонист ҷилави онро гирад.

Ба хадамоти тафтишотӣ лозим меояд сабаби ин фоҷеаро ҷиддан таҳлил кунад. Вале коршиносон мегӯянд шяд роҳҳои ноҳамвор ва суръати баланди ҳаракати мошин омили аслии садама шуда бошад.

Ҳамчунин дар хабарҳо

Бино ба иттилои расонаҳои Тунис ахиран президенти ин кишвар ва сарвазири он ба ҷойи ҳодиса рафтаанд. Аз сӯйи дигар парламони Тунис  аз вазирони умури дохилӣ ва тандурустӣ дархост кардааст, ки амалиёти наҷоти гардишгаронро зери назорат гиранд. Вазири тандурустии Тунис ҳамзамон дар бораи ҷамъоварии хун барои маҷрӯҳон хабар додааст. 

барчасп: