Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 28-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил карданд

Дар воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахашида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҷаласаву ҳамоишҳои тантанавӣ баргузор мешаванд. Кормандон, афсарон, сарбозон дар ин ҳамоишҳо фаъолона ширкат мекунанд ва дар бораи 28 соли Истиқлол изҳори назар мекунанд, гузаштаро пеши назар меоранд, роҳи тайшударо хаёлан мепаймоянд.

Таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

4 сентябри соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида дар 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ роҳбарияти  КҲФ, Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқии инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсии Кумита ширкат карданд.

Тӯфони “Дориан” дар Амрико панҷ нафарро кушт

Дар Иёлоти Флорида, Ҷорҷони, Каролинаи Шимолӣ ва Ҷанубии ИМА аз сабаби авҷи тӯфони “Дориан” вазъи фавқулода эълон шуд. Ҳукуматдорони ин чанд иёлот эълон карданд, ки сокинони наздик ба соҳил ҳатман бояд ба ҷойи амнтар интиқол дода шаванд. Ин тӯфон пурқудраттарин тӯфон дар Атлантик буда, сабабгори харобиҳои зиёд шудааст.

Салиби Сурхи байналмилалӣ ахиран тахмин задааст, ки дар ин се иёлоти ИМА тӯфон ҳаддиақал 12 ҳазор хонаро вайрон кардааст ва ё ин хонаҳо осеби ҷиддӣ дидаанд.

Натиҷагирӣ аз машқи мукаммал дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон

Аз 27 то 30 августи соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои авқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон санҷиши ҳолати омодагии зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ва машқи мукаммал дар мавзуи  «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизомҳои вазифавии сатҳи ноҳиявии Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ   оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои

Эмомалӣ Раҳмон: Хоинони миллати тоҷик ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш гуфтанд, ки мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд. Зеро ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ хоинони миллати тоҷик бо пуштибониву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ мардуми моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

Страницы