Таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

4 сентябри соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида дар 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ роҳбарияти  КҲФ, Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқии инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсии Кумита ширкат карданд.

Сарвари Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ифтитоҳи ҷаласа ҳозиронро ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ муборакбод кард ва зикр намуд, ки истиқлолият барои халқи тоҷик як дастоварди беҳтарине буд, ки ба ивази арзишҳо, шараф ва ҷасорати миллат ба даст омад.

Бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон як қатор кормандони КҲФ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин мукофотҳо аз ҷониби   Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзоза супурда шуд. 

Баъдан бо фармоиши Раиси Кумита зумрае аз кормандоне, ки дар хизмат бартарӣ доштаву нишондиҳандаҳои хубро соҳиб шуда буданд, бо рутбаҳои ҳарбӣ, медалҳо ва ифтихорномаҳо қадр карда шуданд.

барчасп: