Ширкати генерал Назарзода дар ҷаласаи тантанавии ноҳияи Шуғнон бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатӣ
Чоп шуд: 07/09/2019 | redaktor6-уми сентябри соли 2019 дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси ноҳияи Шуғнон, фаъолони ноҳия, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҷавонон ва хонандагон ширкат намуданд.