Ширкати генерал Назарзода дар ҷаласаи тантанавии ноҳияи Шуғнон бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатӣ

6-уми сентябри соли 2019 дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси  ноҳияи Шуғнон, фаъолони ноҳия, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҷавонон ва хонандагон ширкат намуданд.

Ҷаласаи тантанавиро Раиси Ҳукумати ноҳия ифтитоҳ намуд ва Истиқлолро рамзи озодии миллат, мустақилияти давлат ва нишони худшиносии халқи тоҷик донист.

Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода суханронӣ кард. Сарвари идораи наҷоти кишвар зимни суханронии худ нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакатро дар ин 28 соли Истиқлолият таҳлил намуд. Вай зикр кард, ки “таъмини ҳаёти шоиста барои халқ дар тӯли замони Истиқлол ҳадафи аслии Ҳукумати кишвар буд ва хоҳад монд”.

Дар поёни суханронии худ Раиси КҲФ ба ҳамагон комёбиву нусрат хост ва бо боварии том изҳор дошт, ки аҳолии ноҳияи Шуғнон ҳама талошҳои худро барои иҷрои он вазифаҳое, ки аз дастуру супоришоти Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, равона хоҳанд сохт. 

Ҷаласаи тантанавӣ бо барномаи хуби фарҳангӣ ба поён расид, ки дар он намояндаи кохи фарҳанги ноҳияи ва хонандагон ширкат карданд.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯз дар Раёсати Кумита дар ВМКБ низ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумита ширкат намуд, ҳамзамон кормандони фаъолро бо медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонд.

барчасп: