Сели азим дар иёлоти Ҳинд беш аз сад нафарро куштааст
Чоп шуд: 30/09/2019 | redaktorМақомоти расмӣ эълон карданд, ки беш аз 100 нафар дар асари селе, ки пас аз боронҳои шадид дар ду иёлоти шимолии Ҳинд омад, ба ҳалокат расиданд. ВВС навишт, ки ҳоло дар фазои маҷозӣ тасвирҳои дилхароше аз вуруди селоб ба минтақаҳои шаҳрӣ дар иёлотҳои Беҳор ва Уттар Прадеш гардон аст.
Мақомоти маҳаллӣ аз ин рӯйдод гузорши зиёд надодаанд, вале гуфтаанд, ки сел гардиши нақлиёт ва ҳатто қаторро дар роҳҳои оҳан мушкил кардааст. Як мақоми расмии иёлоти Уттар Прадеш гуфтааст, ки то кунун аз кушта шудани 93 нафар хабар доранд.