Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон
Чоп шуд: 11/09/2019 | redaktor
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Сафари навбатии мо ба ноҳияи Мӯъминобод ба рӯзҳои таҷлили ҷашни бузурги Ватани азизамон - Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.
Ба ин муносибат мардуми меҳмоннавози ноҳияи Мӯъминобод ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик мегӯям.