Наҷоти ҷавоне дар Рашт, ки қасди худкушӣ дошт
Чоп шуд: 17/09/2019 | redaktorДар Рашт аз як қасди худкушӣ пешгирӣ шуд ва ин ба шарофати амали фавриву тадбирандешии оҷили воҳиди наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт муяссар гардид.
Бар қисми навбатдорӣ занг заданд, ки ҷавоне мехоҳад худкушӣ кунад, фавран ҳозир шавед! Ин ҷавон сокини 25-солаи деҳаи Сари Шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи Рашт буд. Ин русто канори рӯди Сурхоб ҷойгир аст.