Наҷоти ҷавоне дар Рашт, ки қасди худкушӣ дошт

Дар Рашт аз як қасди худкушӣ пешгирӣ шуд ва ин ба шарофати амали фавриву тадбирандешии оҷили воҳиди наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт муяссар гардид.

Бар қисми навбатдорӣ занг заданд, ки ҷавоне мехоҳад худкушӣ кунад, фавран ҳозир шавед! Ин ҷавон сокини 25-солаи деҳаи Сари Шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи Рашт буд. Ин русто канори рӯди Сурхоб ҷойгир аст.

Навбатдорони Дастаи зудамали наҷотдиҳандагон фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. Ва чун расиданд, диданд, ки ин ҷавон дар ҳоли худро сарнагун ба об андохтан аст. Ва наҷотдиҳандагон ба натиҷа расиданд, ки дар ин ҳолат танҳо ин сухан аст, ки ӯро аз тасмимаш пас мегарданад. Аз ин рӯ бо вай бо лаҳни мулоим ва суханони таскиндиҳандаи дарду алам вориди суҳбату муколама шуданд. Хостанд аввал ӯро ором кунанд, воҳимаву асабониятро аз вуҷудаш тадриҷан дур созанд ва бо ин васила ӯро ба идомаи зиндагӣ дилгарм созанд. 

Билохира, ҷавонро наҷот доданд ва ӯро ба кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия супурданд, то сабабҳои ба ин иқдом даст заданашро таҳқиқ кунанд. Маълум гардид, ки сабаби хосе нест, танҳо аз харобии вазъи рӯҳӣ мехост дар ба ин иқдоми ношоиста занад. 

Оре, зиёдан ҳолатҳое, ки инсонҳо дар баробари мушкилоти зиндагӣ худро дар мубориза оҷиз ҳисс мекунанд ва роҳи наҷотро дар худкушӣ мебинанд. Аксари ин афрод ҷавонон ва ноболиғонанд.

Ба иттилои Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар нимсолаи аввали соли равон  дар ҷумҳурӣ 258 нафар даст ба худкушӣ заданд, ки аз ин миён 55 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Соли 2018 танҳо дар қаламрави вилояти Суғд 244 ҳолаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 108 нафарашон мардон ва 138 тани онҳо занон буданд. 33 нафари онҳо  (15 писар ва 18 духтар) низ ноболиғон буданд. 

барчасп: