Таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 05/09/2019 | redaktor
4 сентябри соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида дар 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти КҲФ, Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқии инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсии Кумита ширкат карданд.