Аввалин мушоҳидаи муштараки аэровизуалӣ дар ҳавзи дарёи Шинг

Бо мақсади татбиқи Созишномаи байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ва қарори мушовараи муштараки КҲФ ҶТ ва ВҲФ Ҷуумҳурии Ӯзбекистон 28 сентябри соли 2019 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал мушоҳидаи муштараки аэровузалии ҳавзи дарёи Шинг гузаронида шуд.

Дар ин чорабинӣ гурӯҳи кории дуҷониба аз ҳисоби мутахассисони идораҳои ду кишвар - Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ВҲФ Ӯзбекистон, Идораи ҳавосанҷии Ӯзбекистон ва Кумитаи давлатии геологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат карданд.   

Ҳадафи аслӣ ташкили корҳои саривақтӣ ва самаровару муфиди ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд бо сел, ярч, обхезӣ ва тармахезӣ мебошад, ки дар ин минтақаҳо имкон доранд.

барчасп: