Дар воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахашида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҷаласаву ҳамоишҳои тантанавӣ баргузор мешаванд. Кормандон, афсарон, сарбозон дар ин ҳамоишҳо фаъолона ширкат мекунанд ва дар бораи 28 соли Истиқлол изҳори назар мекунанд, гузаштаро пеши назар меоранд, роҳи тайшударо хаёлан мепаймоянд.
Чунончӣ, 6 сентябри соли ҷорӣ дар Раёсатҳои КҲФ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд ҳамин гуна ҷаласаҳои тантанавӣ баргузор шуданд. Дар ин ҳамоишҳо табрикоти Раиси Кумита ба ҳайати шахсӣ қирот шуд.
Бо Дастури Раиси КҲФ барои иҷрои намунавии қарзи ҳарбиву хидматӣ, ҷасорату мардонагӣ ва ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони ин се Раёсат бо мукофотҳои идоравӣ ва ифтихорном аҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ғайр аз ин ба кормандон ва қисмҳои ҳарбӣ барои дастовардҳои варзишиашон дар мусобиқот бахшида ба 25-солагии таъиси Кумита мукофотҳо супурда шуданд.
Чорабиниҳои ҷашнӣ дар ҳама воҳидҳои сохторӣ ва қисмҳои ҳарбӣ мегузаранд.