Хушбинии Тоҷикистон аз рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо
Чоп шуд: 22/08/2019 | redaktorТоҷикистон чун кишвари мизбон дар Конфронси минтақавӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва амалӣ гардидани Барномаи қолабии Сендай ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо, иҷрои тааҳҳудоти байналмилалӣ, татбиқи тарҳҳои байналмилалии коҳиши хатари офатҳо, бахусус иҷрои Барномаи қолабии Сендай хушбин аст. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дирӯз дар мулоқоташ бо меҳмонони Конфронс ба ин нукта таъкид кард.