Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтумин рӯз аст, ки ҷасади Ирина Третяковаи 61-соларо меҷӯянд, вале ҳамоно нишоне аз ӯ пайдо нест. Ин шаҳрванди Русия рӯзи 13-уми август ҳангоми убур аз пули рӯди Хингоб ба дарё сарозер шуд ва мавҷи пурхӯрӯш дар як лаҳза ӯро аз чашми ҳамраҳонаш дур кард.
Ин ҳодиса шаби 13-уми августи соли равон соати 20:24 дақиқа рух додааст. Ирина Третякова ҳамроҳ бо панҷ сайёҳи дигар аз Русия дарёи Хингобро дар ноҳияи Сангвор мегузашт ва ногаҳон ба рӯди хурӯшон сарозер шуд. Чор тани онҳо шаҳрвандони Русия ва як нафар сокини шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Инҳо:
Третякова Ирина Олеговна соли таваллуд 05.09.1959
Колпаков Александр Василевич соли таваллуд 26.05.1988
КалпаковАлексей Александрович соли тавалуд 18.03.1988
Ретман Георгий Гиоргевич соли таваллуд 04.08.1941
ва Ким Виктория Семёновна соли таваллуд 17.09.1962.
Дар айни замон кормандони идораву вазоратҳои дахлдор ба макони ҳодиса эъзом шудаанд ва ҷустуҷӯи ҷасади Ирина Третякова идома дорад.