Ҳалокати 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи Рязан, ки чор нафари онҳо узви як хонавода будаанд
Чоп шуд: 06/08/2019 | redaktorТибқи иттилои пешакии Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар шаҳри Маскав 6-августи соли 2019 дар 402-умин километри роҳи М-5 дар наздикии рустои Пичкиряевои ноҳияи Сасовскии вилояти Рязан ду мошин - микроавтобуси Mercedes ва Toyota Land Cruiser Prado ба ҳам бархӯрданд. Замони садама дар дохили микроавтобус 11 нафар ҳузур доштанд, ки як нафари онҳо ҳамагӣ 12 сол дошт.