Бояд ба ҳар ҳолати фавқулодаи эҳтимолӣ, офатҳои табиву техногенӣ омода буд. Барои ин гуна омодагиҳо роҳандозии тамринҳо як роҳи хеле муфиде мебошанд, ки нерӯҳо ва воситаҳоро дар ҳоли омодабош қарор медиҳанд. Ин бор дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон бо ташкили як тамрини омӯзишӣ ҳамзамон сатҳи омодагии мақомоти идораӣ ва нерӯҳои зерсистемаи минтақавӣ, хадамоти тиббиро дар ҳоли таҳдиди ҳолаҳои фавқулода ва авҷи бемориҳои сироятӣ санҷида шуд.
Ин тамрин мутобиқ ба Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соли 2019 сурат гирифт. Дар он кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тамрини фармондеҳӣ-ситодӣ бо хадамоти тиббии зерсистемаи минтақавии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ гузарониданд. Ин тамрин асосан дар мавзуъи “Амали мақомоти идорӣ ва нерӯҳои зерсистемаи минтақавии таҳдид ва рух додани ҲФ, ҳамчунин таҳдиди авҷи бемориҳои сироятӣ дар қаламрави вилоят” баргузор гардид.
Ин чорабинӣ дар се марҳила доир шуд:
-дар марҳилаи аввал: мақомоти идорӣ, нерӯҳо ва воситаҳои хадамоти тиббии вилоят ба ҳолати омодабош дарварда шуданд; маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ шуданд, таҳлилҳо анҷом гирифтанд ва баъдан барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва масъалаҳои ҳамкориҳо ҳангоми гузаронидани корҳои наҷот ва тиббӣ дар минтақаи ҲФ қарор қабул гардид.
- дар марҳилаи дуввум масоили идораи нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми тадриҷан ва тибқи нақша гузаронидани системаи МГ вилоят ва ҳолати осоишта ба вазъи ҳарбӣ баррасӣ гардид.
- марҳилаи сеюм марҳилаи амали созмони наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон буд.
Аз рӯйи ҷамъбасти тамринҳои фармондеҳиву ситодӣ ширкаткунандагон ба дарки нукоти зиёди омодагиҳои фаврӣ расиданд. Ва натиҷа ин буд, ки роҳандозии ин гуна машқҳо сатҳи омодагии нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданиро боло мебарад ва барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи ба миёномада заминаҳоро фароҳам меорад.