Наҷотбахшон ва духтурони КҲФ соҳиби шаҳодатномаи дарси байналмилалӣ шуданд
Чоп шуд: 01/08/2019 | redaktorСафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд кишвараш дар оянда низ ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистонро тақвият мебахшад. Сарвари идораи наҷоти Тоҷикистон сатҳи волои омодагии мураббиёни Фаронса, ки таҷрибаи худро ба ҳамкасбони тоҷики худ омӯхтанд, ситоиш кард.