Наҷотбахшон ва духтурони КҲФ соҳиби шаҳодатномаи дарси байналмилалӣ шуданд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд кишвараш дар оянда низ ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистонро тақвият мебахшад. Сарвари идораи наҷоти Тоҷикистон сатҳи волои омодагии мураббиёни Фаронса, ки таҷрибаи худро ба ҳамкасбони тоҷики худ омӯхтанд, ситоиш кард.

Дар доираи татбиқи барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса дар самти коҳиши хатари офатҳо дар бахши омодагӣ ва бозомӯзии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази  ҷумҳуриявии таълимӣ методӣ давраи омӯзишии расонидани ёрии тиббӣ ба зарардидагон ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ба анҷом расид. 

Ин давраи омӯзишӣ муддати 12 рӯз идома дошт ва чуноне ишора рафт, дар он наҷотдиҳандагон ва кормандони бахши тибии КҲФ оид ба усулу шеваҳои расонидани аввалин ёриҳои тиббӣ омӯзиш диданд. Дарсҳо аз ҷониби мураббиёни ботаҷрибаи Кумитаи бехатарии ҷомеаи Ҷумҳурии Фаронса роҳандозӣ шуданд. 

Имрӯз дар анҷоми дарсҳо маросими эътои шаҳодатномаҳо ба ширкаткунандагон доир шуд, ки дар он Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сарвари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мэрилон Йосефсон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ширкат варзиданд.

Дар суханронии худ сарвари идораи наҷоти кишвар аз сатҳи волои омодагии касбии мураббиён, ки ба наҷотдиҳандагони тоҷик таҷрибаи кории худро омӯхтанд, ситоиш намуд ва ба Сафорати Фаронса дар ҶТ барои дастгирии ин тарҳҳои омӯзишӣ ва ҳамкории созанда бо КҲФ ва кулли лоиҳаҳое, ки ин кишвар дар мамлакати мо роҳандозӣ мекунад, изҳори сипос намуд.

Сарвари КҲФ ҳамчунин изҳори умед кард, ки малакаҳои дар ин тамринҳо ҳосилкардаи ширкаткунандагон бидуни шак самаранокии фаъолияти онҳоро дар баргузории корҳои наҷот дар оянда хоҳанд афзуд. 

Дар навбати худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар изҳор дошт, ки Ҳукумати Фаронса дар оянда низ ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаро дар Тоҷикистонро идома ва тақвият хоҳад дод. 

Ба иштирокчиёни дарсҳо шаҳодатномаҳо супурда шуданд. Ғайр аз ин аз ҷониби Фаронса ба наҷотдиҳандагон ва воҳидҳои тибии КҲФ дастгоҳҳои машқ ва таҷҳизоти наҷот тақдим гардид. 

барчасп: