Наҷоти боз се ғарқшуда дар Сир
Чоп шуд: 02/08/2019 | redaktorБоз се нафар баъд аз зуҳри рӯзи якуми август аз дарёи Сир берун оварда шуданд. Ба наҷотдиҳандагон муяссар гардид, ки ду сокини шаҳри Гулистон ва як сокини шаҳри Душанберо, ки дар соҳили рӯди Сир истироҳат мекарданд, аз марг наҷот диҳанд. Танҳо зарфи ду рӯзи охир наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷони ҳафт нафарро аз мавҷи дарёи Сир наҷот доданд.