Наҷоти боз се ғарқшуда дар Сир

Боз се нафар баъд аз зуҳри рӯзи якуми август аз дарёи Сир берун оварда шуданд. Ба наҷотдиҳандагон муяссар гардид, ки ду сокини шаҳри Гулистон ва як сокини шаҳри Душанберо, ки дар соҳили рӯди Сир истироҳат мекарданд, аз марг наҷот диҳанд. Танҳо зарфи ду рӯзи охир наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷони ҳафт нафарро аз мавҷи дарёи Сир наҷот доданд.

Тибқи хабар ин се нафар ҳам дар макони мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекарданд ва аз надонистани қоидаҳои бехатарӣ қариб буд ғарқ шаванд ва ҷон аз даст диҳанд. Онҳо ҳангоми оббозӣ аз соҳил хеле дур рафтанд ва қувваи онҳо барои бозгашт ба соҳил нарасид. 

Ғарқшавандагонро аз дур наҷотдиҳандагони навбатдори Раёсати  КҲФ мушоҳида карданд ва сари вақт ба имдодашон расиданд.

Ин афродро то ба соҳил солим расонданд ва баъди аввалин ёрии тиббӣ онҳо дигар ниёзе ба бистарӣ шуданд дар бемористон надоштанд.

барчасп: