Тӯфони харобиовар дар Чин ҳаёти 5 миллион нафарро ба мушкил рӯ ба рӯ кард
Чоп шуд: 13/08/2019 | redaktorШумори кушташудагони тӯфони Лекимо дар Чин ба ба 32 нафар расида ва 16 нафар бенишон гум шудаанд. Тӯфон ва борандагии шадид дар рӯзҳои гузашта зиндагии панҷ миллион нафарро дар вилояти Чжэсзян дучори мушкил карда ва бештар аз як миллион нафар ба макони амн мунтақил шудаанд. Рониши замин ва сел сабаб шудааст, ки бештарин талафот дар шаҳри Ванжу рух диҳад. Ин тӯфон ба 34 ҳазор хона осеб расондааст.