Activities calendar

26 августа 2019

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда боз як майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дод

Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои 25-солагии таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Ин майдончаи варзишӣ барои баргузор намудани бозиҳои мини-футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ шудааст ва бо арзи вуҷуд кардани он имкониятҳои машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш на танҳо барои кормандони КҲФ, балки барои сокинони манзилҳои наздик ба он имконият фароҳам меояд.