Эълони вазъи фавқулода дар кишвари Приморе
Чоп шуд: 29/08/2019 | redaktorБоронҳои пуршиддат ва селҳои азим муҷиби эълони вазъи фавқулода дар Приморе шуд. Дар ин бора маъмурияти кишвари Приморе ба хабарнигорон иттилоъ дод. Манбаъ гуфтааст, ки сарвари минтақа Олег Кожемяко дар ҷаласаи комиссияи ҳолатҳои фавқулода ин қарорро имзо кардааст.