Дар доираи татбиқи Созишномаи байнидавлатии ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 20 нафар кормандони воҳидҳои гуногуни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиши “Ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон”, ки имрӯзҳо дар Пекин дар ҷараён аст, ширкат доранд.
Семинар ба масъалаҳои алоқаманд ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, амали наҷотдиҳандагон дар гузаронидани корҳои садамавиву наҷот, шеваҳои нави расонидани аввалин ёриҳои тиббӣ ва ғайра бахшида шудааст.
Ҳамкасбони чинӣ дар давоми давраи омӯзишӣ аз таҷрибаҳои худ нақл мекунанд ва ҳамзамон бар пояи он таҷрибаҳо дарсҳои амалӣ мегузаронанд.
Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил шудааст ва он то 4-уми сентябри соли 2019 идома хоҳад дошт.