Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда биступанҷсола шуд
Чоп шуд: 16/08/2019 | redaktorРаиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар остонаи ҷашн аз заҳматҳои ҳамкоронаш дар таҳкими қудрати Кумита дар пешгириву бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ситоиш кард. Аз собиқадорон ёд намуд, саҳмашонро дар ташаккули Кумита созанда арзёбӣ намуд. Аз ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ситоиш кард, ки як сабаби таҳкими пояҳои моддӣ-техникии Кумита шудаанд. Ва ба пешсафону хидматкардагон ҷоизаҳои идоравӣ тақдим намуд.