Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар остонаи ҷашн аз заҳматҳои ҳамкоронаш дар таҳкими қудрати Кумита дар пешгириву бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ситоиш кард. Аз собиқадорон ёд намуд, саҳмашонро дар ташаккули Кумита созанда арзёбӣ намуд. Аз ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ситоиш кард, ки як сабаби таҳкими пояҳои моддӣ-техникии Кумита шудаанд. Ва ба пешсафону хидматкардагон ҷоизаҳои идоравӣ тақдим намуд.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси идораи наҷоти кишвар баргузор гардид, ки дар он роҳбарони Кумита, ҳайати шахсии гарнизони шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Дар маҷлис Раиси Кумита генерал – лейтенант Рустам Назарзода суханронӣ намуд. Вай аз ҷумла гуфт: “Дар остонаи ҷашни касбӣ – биступанҷумин солгради таъсиси Кумита мехоҳам ба шумо барои корҳои шоиставу азиме, ки ҳамарӯза барои наҷоти ҷони инсонҳо анҷом медиҳед, изҳори сипосу қадрдонӣ кунам. Шумо ҳаёти як нафарро наҷот надодаед, балки шумо ба одамони зиёде кумак кардаед ва ба шарофати ҳамин заҳамоти хоришикани шумо, ҷасорату талошҳои шумо КҲФ такмил меёбад ва аз рӯз ба рӯзи дигар нумӯ мекунад. Кори наҷотдиҳанда ин дар воқеъ касби мардист, ки арзиши сипосу эҳтиром дорад. Аз самими дил бароятон нерӯи бепоён ва комёбиҳо дар ҳадафҳои тарҳрезишуда таманно дорам!”
Дар суханронии худ Раиси Кумита аз собиқадорон ёд кард ва заҳамоти онҳоро қобили арзиш хонд ва гуфт, ки саҳмашон дар ташаккули Кумита беназир аст.
Ҳамчунин сарвари Кумита дар ин суханрониаш ба ҳамкориҳои созанда бо созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуд, ки имкон дод пояҳои моддиву техникии Кумита таҳким, донишу маҳорати кормандои КҲФ такмил ёбад.
Дар ҷаласаи тантанавӣ ҳамчунин як қатор кормандон барои натиҷаҳои хуби кориашон бо мукофотҳои идоравӣ ва медалҳои ҷашнӣ мушарраф гардонида шуданд.