Боронҳои пуршиддат ва селҳои азим муҷиби эълони вазъи фавқулода дар Приморе шуд. Дар ин бора маъмурияти кишвари Приморе ба хабарнигорон иттилоъ дод. Манбаъ гуфтааст, ки сарвари минтақа Олег Кожемяко дар ҷаласаи комиссияи ҳолатҳои фавқулода ин қарорро имзо кардааст.
«Владивосток — аз се як ҳиссаи аҳолии кишвари Примореро дар худ ғунҷондааст. Баъди он ки сели азим таҳдди кард, ба ин минтақа вазъи фавқулода ҷорӣ шуд. Ин тадбир имкон хоҳад дод, ки мо мушкилоти роҳҳои харобшударо ҳал кунем, нерӯҳо ва воситаҳоро гирд оварем ва дар кутоҳтарин фурсат харобаҳоро барқарор созед. Фикр мекунам дар муддати на бештар аз ду рӯз ҳолати фавқулода лағв мешавад ва кулли корҳои асосӣ бояд дар ин муддат анҷом шаванд”, - гуфт Кожемяко дар шарҳи қарори худ.
Аз ин пештар дар шаҳри Владивосток ва ноҳияҳои атрофи он низоми ҳолати фавқулода ҷорӣ шуда буд. Гуфта мешавад, ки сел ба ин минтақа наздик ба 100 миллион рубл зарар овард.
Шаби сешанбе дар ҷануби кишвар борони пуршиддат борид ва дар баъзе минтақаҳо сел омад. Боди сахт вазид, раъду барқ мушоҳида шуд. Роҳҳо зери об монданд, дар канораҳои шаҳр хонаҳои истиқоматии сокинон зери таҳдиди сел монд, ҳаракати қатор дар самти Гвоздево – Барановский қатъ шуд.