Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои 25-солагии таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.
Ин майдончаи варзишӣ барои баргузор намудани бозиҳои мини-футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ шудааст ва бо арзи вуҷуд кардани он имкониятҳои машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш на танҳо барои кормандони КҲФ, балки барои сокинони манзилҳои наздик ба он имконият фароҳам меояд.
Варзишгоҳ дорои душ ва утоқи либосивазкунист.
Зарфи се соли охир ин сеюмин майдони варзишиест, ки кормандони Кумита дар пойтахт месозанд. Ин майдончаҳо дорои ҳама гуна шароитҳои машғул гардидан ба намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ ва машқҳои бадан барои соикнони маҳаллаҳо мебошанд.