Тӯфони харобиовар дар Чин ҳаёти 5 миллион нафарро ба мушкил рӯ ба рӯ кард

Шумори кушташудагони тӯфони Лекимо дар Чин ба  ба 32 нафар расида ва 16 нафар бенишон гум шудаанд.  Тӯфон ва борандагии шадид дар рӯзҳои гузашта зиндагии панҷ миллион нафарро дар вилояти Чжэсзян дучори мушкил карда ва бештар аз як миллион нафар ба макони амн мунтақил шудаанд. Рониши замин ва сел сабаб шудааст, ки бештарин талафот дар шаҳри Ванжу рух диҳад. Ин тӯфон ба 34 ҳазор хона осеб расондааст.

Мизони осеби воридшуда ба хонаҳои маскунӣ ҳудуди ду миллиард доллар арзёбӣ шудааст. Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда бурузи тӯфон дар Шонҳой  ва шаҳрҳои атрофи он бо лағви 3200 парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои мухталифи дохил ва хориҷи Чин сабаб гардидааст.

Тӯфон аз шаҳри Шонҳой убур карда ба самти вилояти Чжэсзян ҳаракат кардааст. Гуфта мешавад, ки Лекимо нуҳумин тӯфони пурқурбонӣ дар Чин дар солӣ ҷорӣ мебошад ва яке аз се тӯфони қудратманди сол дар ин кишвар ба шумор меравад.

барчасп: