Боз чаҳор нафаре, ки ғарқ мешуданд, наҷот дода шуданд

Ин чаҳор нафар низ дар ҷойҳои мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекарданд ва агар ғаввосони Кумита сари вақт хабар намеёфтанд, фоҷеа рух медод. Зарфи ҳафт моҳи соли равон дар обҳои ҷумҳурӣ 93 нафар ба ҳалокат расиданд. Наҷотдиҳандагони КҲФ тӯли ин муддат ҷони 43 нафарро аз марги эҳтимолӣ наҷот доданд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Суғд муваффақ ба наҷоти ҷони чаҳор нафаре шуданд, ки дар дарёи Сир ғарқ мешуданд. Синни яке аз ин чаҳор нафар нав ба 14 мерасид.

Навбатдорони соҳили рӯди Сир ду сокини 14 ва 24-солаи Истаравшан, як ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Ашт ва бошандаи 23-солаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғдро, ки дар дарё ғарқ мешуданд, наҷот доданд. Ҳамаи ин чаҳор нафар дар маконҳои барои оббозӣ мамнуъ оббозӣ мекарданд. 

Ба ҳамаи онҳо фавран кумаки аввалияи тиббӣ расонда шуд ва баъди он онҳо  бистарӣ шудан дар бемористонро рад карданд.  

Зикр бамаврид аст, ки зарфи ҳафт моҳи соли равон дар обҳои ҷумҳурӣ 93 нафар ба ҳалокат расиданд. Наҷотдиҳандагони КҲФ тӯли ин муддат ҷони 43 нафарро аз марги эҳтимолӣ наҷот доданд. 

Кумита бори дигар аз шаҳрвандони хоҳиш мекунанд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехтариро риоя кунанд. Бахусус, бачаҳоро беназорат нагузоранд.

барчасп: