Тибқи иттилои пешакии Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар шаҳри Маскав 6-августи соли 2019 дар 402-умин километри роҳи М-5 дар наздикии рустои Пичкиряевои ноҳияи Сасовскии вилояти Рязан ду мошин - микроавтобуси Mercedes ва Toyota Land Cruiser Prado ба ҳам бархӯрданд. Замони садама дар дохили микроавтобус 11 нафар ҳузур доштанд, ки як нафари онҳо ҳамагӣ 12 сол дошт. Дар дохили мошини сабукрав 2 нафар менишастанд.
Бар асари садама 6 нафар ҷони худро аз даст доданд, 5 нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд, ки як тани онҳо ҳамон кӯдаки 12-сола мебошад.
Маҷрӯҳон, ки гуфта мешавад шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, фавран дар бемористон бистарӣ карда шуданд.
Дар айни замон гурӯҳи тафтишотии фаврӣ ва хадамоти роҳ дар ҷойи ҳодиса ҷузъиёти рӯйдодро таҳқиқ мекунад.
Дар ҳамин ҳол Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар мусофирбаре, ки ба садама дучор шуд, 12 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд. Ба қавли Аҳмадӣ, шаш нафари онҳо, аз ҷумла Назираи 14-сола ба ҳалокат расида, шаш нафари дигар дар беморхонаи ноҳияҳои Шатский ва Сасов бистарӣ карда шуданд.
Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ҳамчунин гуфтааст, ки тибқи иттилои пешакӣ онҳо дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон будаанд, "вале ин ҳоло дақиқ нест". Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар садамаи субҳи 6-уми август ҳалок ва маҷруҳ шудаанд, аз 12 то 45-сола мебошанд. Чаҳор нафари онҳо узви як оила будаанд.
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон исми ҳалокшудагон ва маҷрӯҳонро расонаӣ кардааст:
Назира Назримоваи 14-сола,
Гулдона Назримоваи 36-сола,
Абдулло Саидови 45-сола,
Валиҷон Маҳмудови 30-сола,
Ислом Халилови 45-сола
ва Фирӯз Муллоеви 42-сола ба ҳалокат расиданд.
Рӯйхати захмиён:
Аҳмедов Раҳмон Тоҳирович, 02.05.1991 с.т.
Атоев Файзалӣ Файзуллоевич 16.04.1988 с.т.
Баротов Фурқат Зокирович, 1971 с.т.
Алиев Самандар Валиевич, 02.03.1981 с.т.
Назримов Ҷовидон Ҷамшедович 14.01.2007 с.т.
Саидов Саидхон Фатҳуллоевич 14.08.1984 с.т.
Сергей Личинин, як мақоми идораи бозрасии давлатии автомобилии Рязан ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки дар робита ба садама таҳқиқ оғоз шудааст ва аз рӯи натиҷаҳои он хулосаи худро эълон мекунанд. Вале аз ҳоло пулиси роҳи Русия тахмин задааст, ки садама гӯё бо айби ронандаи мусофирбар рух додааст.