Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар дар қаламрави Тоҷикистон ҳамоно ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқудофиаи гражании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ҳодисаҳои нохӯш ба шаҳрвандон тавсия медиҳад:
- ҳузуратон дар кӯчаҳоро аз соати 11 то 16 маҳдуд кунед, корҳои ҷисмониро коҳиш диҳед;
- ҳангоми дар хона будан талош кунед ҳавои хонаро зуд-зуд тоза намоед, даричаҳои тирезаро боз монед, ҳавополову бодкашро ба кор андозед, то ҳарорати хона муътадил бошад.
- агар зарурати баромадан доред, пас либоси тунуки рушани дӯхташуда аз матоъи табиӣ пӯшед, кулоҳи сабук дар сар дошта бошед. Ҳатман бо худ оби бегаз гиред. Дар кӯча бештар дар сояҳо роҳ равед, сари чанд вақт барои раҳоӣ аз гармо ба мағозаву дуконҳо дароед
- бо мақсади пешгирӣ аз беоб мондани бадан, тавсия мешавад бештар об нӯшед, рӯзе аз 1,5 то 3 литр нӯшидани оби тоза тавсия мешавад: чой, оби минералӣ, афшудаи меваҳо, ҷурғот, нӯшокиҳои витаминдор, аммо дар чунин рӯзҳо нӯшидани машруботи спиртӣ, обҳои газнок, нӯшобаҳое, ки дар таркибашон қанди зиёд доранд, ба мисли пепси-кола, кока-кола, арсикола қобили қабул нест;
- барои нигаҳдории нерӯву тавон истифодаи меваву сабзавот тавсия мешавад, аммо қабл аз истеъмол онро бо оби тоза хуб шустан лозим;
- муддати рӯз аз рӯйи имкон қабули душ бо оби гармиаш муътадил беҳтарин роҳи нигоҳ доштани ҳарроти бадан аст;
- сафар бо мошини шахсӣ ва нақлиёти ҷамъиятиро бояд маҳдуд кард ва ё ин сафарҳо бояд субҳгоҳон ва ё бегоҳирӯзиҳо, вақте гармии ҳаво коҳиш меёбад, сурат гиранд;
- ба мағоза, кинотеатрҳо ва дигар иншоотҳои маишиву фарҳангӣ ва тиҷоратие бояд рафт, к ибо ҳавополо таҷҳизонида шудаанд;
- дар ҳавои гарм бояд бештар ба кӯдакон таваҷҷуҳ карда шавад. Бадани кӯдакон ба гармо нисбат ба калонсолон ҳассостар аст.
- ва ҳагоми истироҳат дар соҳили рӯдхонаву каналҳо ва дигар махзанҳои об бояд эҳтиёткор буд, қоидаҳои бехатарии шиновариро бояд ҷиддан риоя кард ва дар маконҳое, ки оббозӣ маннуъ аст, набояд саргарми шиноварӣ шуд.
Дар ҳоле агар инсон заъф эҳсос кард, сардардӣ, қайкуниро ҳисс намуд, ҳаракатҳои вай дигаргуна ва нобоварона шуданд, ин игуна амалҳоро бояд фавран анҷом дод:
- ҷабрдидаро бояд фавран аз минтақаи гармо хориҷ намуд;
- ӯро бояд дар фазои кушоди соя хобон;
- ба ӯ спирти навшодир барои нафаскашӣ бояд дод;
- рӯйро бо оби сард тар кунед, болои саратон зарферо бо оби сард гузоред;
- дастаи ёрии таъҷилиро даъват намоед.