Созмони таҳқиқоти фазоии Бразилия гуфтааст, ки ҷангалҳои боронии ин кишвар дар соли ҷорӣ шоҳиди шумори бесобиқае аз оташсӯзиҳо будааст. Ин муассисаи миллӣ гуфтааст, ки додаҳои моҳворавиаш нишондиҳандаи афзоиши 82 дарсади оташсӯзиҳо нисбат соли 2018 аст. Дуди ин оташсӯзиҳо бо вазиши бод аз фосилаи 2700 километр дар рӯзи душанбе ба Сан – Паулу (калонтарин шаҳр дар Амрикои Ҷанубӣ)расид ва осмони шаҳрро барои соате тира кард.
Ин омор чанд ҳафта пас аз он мунташир мешавад, ки Раиси ҷумҳури Бразилия сарвари ин созмонро ба далели низоъе сари оморҳои ҷангалзудоӣ барканор кард. Фаъолони муҳити зист Жаир Болсонару - раиси ҷумҳури ростгарои Бразилияро гунаҳгор медонанд ва мегӯянд вай ширкатҳои чуббуррӣ ва кишоварзонро ба баҳрабардории беш аз ҳадди ҷангалҳо ташвиқ мекунад.
Муассисаи таҳқиқоти фазоӣ гуфтааст, ки беш аз 72 ҳазор мавриди оташсӯзиро дар байни ду моҳи ахир ба қайд гирифтааст, ки болотарин рақам аз соли 2012 аст. Ин муассиса гуфтааст беш аз 9500 оташсӯзиро аз рӯзи папнҷшанбе ба ин тараф мушоҳида кардааст, ки қисмати бештари он дар минтақаи Амазонка мебошад.
Амазонка чун бузургтарин ҷангали боронхез яке аз сарчашмаҳои аслии ҷазби карбон аст, ки раванди гармоиши заминро оҳиста мекунад. Давлатҳои қаблии Бразилия тайи як даҳаи гузашта муваффақ ба коҳиши ҷангалзудоӣ шуда буданд.
Моҳе пеш Жаир Болсонару мудири муассисаи таҳқиқоти фазоиро ба дурӯғгӯӣ дар мавриди нобудшавии ҷангалҳои Амазонка ва талош барои заъфи давлат муттаҳам кард. Ин кор замоне сурат гирифт, ки ин созмон натиҷаи таҳқиқеро мунташир кард, ки нишондиҳандаи афзоиши 88 дарсад раванди ҷангалсӯзӣ дар моҳи июл дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли пеш буд.
Ин созмон қаблан пофишорӣ карда буд, ки натиҷаи таҳқиқоташ 95 дарсад дақиқ аст ва чанд муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Академияи улуми Бразилия аз боэътимод будани омори ин таҳқиқот ҳимоят карда буданд.
Манбаъ: ВВС
Матолиби ҳамсон
-
ПАЖӮҲИШ: Гармои шадид ба ҳадди бесобиқа мерасад
-
Дараҷаи ҳарорати дунё дар моҳи июли имсол аз солҳои гузашта бештар буд
-
Ҳушдор: Ҳаждаҳ моҳ муҳлат барои наҷоти кураи Замин