Тоҷикистон чун кишвари мизбон дар Конфронси минтақавӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва амалӣ гардидани Барномаи қолабии Сендай ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо, иҷрои тааҳҳудоти байналмилалӣ, татбиқи тарҳҳои байналмилалии коҳиши хатари офатҳо, бахусус иҷрои Барномаи қолабии Сендай хушбин аст. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дирӯз дар мулоқоташ бо меҳмонони Конфронс ба ин нукта таъкид кард.
Дар доираи баргузории Конфронси минтақавӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва амалӣ гардидани Барномаи қолабии Сендай дирӯз мулоқоти дуҷониба миёни ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Намояндаи махсуси Котиби Генералии СММ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо хонум Мами Мизутори, Ассисенти Котиби Генералии СММ, Директори намояндаи Барномаи Рушди СММ дар масъалаҳои вокуниш ба буҳронҳо хонум Асако Окайи баргузор шуд.
Дар мулоқот масъалаҳои беҳбуди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ гардид.
Гуфтанист, ки Конфронси минтақави коҳиши хатари офатҳо дирӯз бо ширкати муовини Сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Намояндаи махсуси Котиби Генералии СММ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо хонум Мами Мизутори, Ассисенти Котиби Генералии СММ, Директори намояндаи Барномаи Рушди СММ дар масъалаҳои вокуниш ба буҳронҳо хонум Асако Окайи, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдор дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи Афғонистон, Эрон, Покистон, Чин, Ҳинд, Муғулистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ, ташкилотҳои сармоягузор ва Агентиҳои СММ баргузор гардид.