Аз 27 то 30 августи соли равон аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои авқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон санҷиши ҳолати омодагии зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ва машқи мукаммал дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизомҳои вазифавии сатҳи ноҳиявии Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай, омадани сел» ташкил ва гузаронида шуд.
То саршавии чорабинӣ аз ҷониби кормандони Кумита ҷиҳати расонидани ёрии амалию методӣ дар ҳуҷҷатгузориҳо оид ба соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва омода намудани зинаҳои вазифавии зернизоми ҳудудӣ, комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, ҷамоатҳои деҳот ва иншоотҳои иқтисодии ноҳия ба санҷиш ва машқи мукаммал ба ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон сафарбар карда шудаанд.
Чорабинии мазкур марҳила ба марҳила баргузор гардид. Марҳилаи якум аз хабардоркунӣ ва ҷамъ кардани ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия, расонидани вазъи ба амал омада ва муайян кардани шумораи эвакуатсияшудагон аз мавзеъҳои зериобмонӣ иборат буд. Дар марҳилаи мазкур санҷиши ҳолати омодагии зинаҳои вазифавии зернизоми ҳудудии ноҳия санҷида баҳогузорӣ карда шуд.
Марҳилаи дуюм аз ташкили корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир, инчунин бо мақсади ҳифзи аҳолӣ ва бо таври ҳақиқӣ иҷро намудани чорабиниҳои эвакуатсионӣ, чорабинии амалӣ -эвакуатсияи аҳолии деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти С. Турдиев ба мавзеи бехавф «Теппаи Сайёд» бо ҷалби комиссияҳои эвакуатсионии ноҳия ва ҷамоати деҳоти С. Турдиев, қувваю воситаҳои зернизоми ҳудудии ноҳия, ҷамоатҳои деҳот, ҳайати роҳбарикунандаи иншоотњои иқтисодӣ ва гурӯҳҳои эътинонамоӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия бо истифода аз тамоми воситаҳои нақлиёт ва техникаю механизмҳо баргузор гардид. Дар мавзеи бехавф шаҳраки хаймавӣ бо ташкили хӯроки гарм, нуқтаи расонидани ёрии тиббӣ ва нуқтаи обу ташноб ташкил карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки машқи мукаммал якумин маротиба аз ҳодисаи реалии зериобмонии мавзеи мазкур дар соли 2005 баргузор гардида, дар он 550 нафар кормандони идоравӣ ва аҳолии ҷамоат бо ҷалби 80 адад техникаи идоравӣ ва шахсӣ сафарбар карда шуда буданд.