Дар Иёлоти Флорида, Ҷорҷони, Каролинаи Шимолӣ ва Ҷанубии ИМА аз сабаби авҷи тӯфони “Дориан” вазъи фавқулода эълон шуд. Ҳукуматдорони ин чанд иёлот эълон карданд, ки сокинони наздик ба соҳил ҳатман бояд ба ҷойи амнтар интиқол дода шаванд. Ин тӯфон пурқудраттарин тӯфон дар Атлантик буда, сабабгори харобиҳои зиёд шудааст.
Салиби Сурхи байналмилалӣ ахиран тахмин задааст, ки дар ин се иёлоти ИМА тӯфон ҳаддиақал 12 ҳазор хонаро вайрон кардааст ва ё ин хонаҳо осеби ҷиддӣ дидаанд.
Тасвирҳое, ки то кунун аз ҷараёни тӯфон интишор ёфтаанд, нишон медиҳанд, ки селоб хиёбонҳоро фаро гирифта, дарахтон шикастаанд ва мошинҳои сабукрав бар асари сел вожгун шудаанд.
Шоҳидон мегӯянд, ки сел одамонро ба ваҳшат андохтааст ва онҳо аз тарс худро болои бом паноҳ додаанд.
Маркази милии тӯфонҳои баҳрии Амрико эълом кард, ки танҳо як тағйири масири кӯчак метавонад Дорианро мустақим ба соҳили Флорида бирасонад, ки бе ҳамин тӯфон ҳам интизорӣ меравад дар чанд рӯзи оянда бо селобу обгирифтагиҳои маргборе рӯ ба рӯ бошад.
Фармондори Флорида ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба далели тағйири самти ҳаракати тӯфон саҳлангорӣ накунанд, чун Дориан ҳамоно метавонад вайрониҳои азимтареро дар ин иёлот оварад.
Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки фурудгоҳи байналмилалии ҷазираҳои Богом бар асари ин тӯфони шадид зери об шудааст